ФБ СС ва ҲА фаъолияташро тақвият мебахшад

Сентябрь 14, 2011 16:46

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ояндаи наздик  лоиҳаи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ва вокуниш ба онҳо, кӯмак ба аҳолии ниёзманд, ёрии аввал дар сатҳи ҷомеа ва чорабиниҳои марбут ба саломатии ҷомеа, об ва беҳдоштиро дар Тоҷикистон тавсеа мебахшад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти Амиршо Миралиев, муовини аввали Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат бо Массимо Барра,  президенти комиссияи доимии Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Душанбе баррасӣ гардид.    А.Миралиев доир ба фаъолият, ироаи кӯмакҳои башардӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди он бо Тоҷикистон табодули назар карда, ба фаъолияти ин ниҳоди байналмилалӣ баҳои баланд дод.  Ҷамъияти мазкур дар миқёси Тоҷикистон наздики 70 бахш ва 15 ҳазор ихтиёриён дорад.Мусоҳибон дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои  тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистонро бо ин созмони  байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Сентябрь 14, 2011 16:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд