Фестивали байналмилалии кинои мусулмонӣ
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар чаҳорчӯбаи Кинофестивали УП байналмилалии кинои мусулмонии Қазон, ки аз 6 то 11 сентябр баргузор мегардад, филмҳое намоиш дода мешаванд, ки ба барномаи озмунии фестивал шомил набуда, вале шоистаи таваҷҷӯҳи тамошобинонанд. Дар ин кинофестивал филмҳои бадеие низ намоиш дода мешаванд, ки аз рӯи достони «Шоҳнома» — и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ офарида шудаанд. Қисми зиёди ин филмҳоро коргардони машҳури тоҷик, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Борис Кимёгаров ба навор гирифта буд.Дар кинофестивал филмҳои 40 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Туркия, Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Сурия, Британияи Кабир, Италиё, Мексика, Юнон, Ҳиндустон, Испаниё, ИМА, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар намоиш дода мешаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






