Финляндия дар масоили ҳуқуқӣ омодаи ҳамкорист

Сентябрь 12, 2011 17:17

Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Финляндия 12 сентябри соли 2011 дар ҷараёни мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тула Юрёла, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Финляндия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Шукурҷон Зуҳуров ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Финляндия таъкид карда, пешниҳод намуд, ки таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Финляндия ҷиҳати муаррифии парлумонҳои якдигар ва чигунагии фаъолияти онҳо дар мамлакатҳоямон нақши муасссир мебозанд. Тула Юрёла низ бар зарурати тавсеаи муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Финляндия ибрози назар намуда, пешниҳоди Шукурҷон Зуҳуровро дар мавриди таъсиси гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Финляндия беҳтарин фурсат барои тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ кард. Дипломати финӣ иброз дошт, ки кишвараш аз рӯи барномаи «Ҳама дар назди қонун баробаранд» бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи масоили ҳуқуқӣ ҳамкорӣ намояд. Мусоҳибон роҷеъ ба масъалаҳои густариши равобит дар арсаҳои иқтисод, тиҷорат, фарҳанг, саноат, энергетика ва тақвияти ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ низ табодули назар намуданд.16.28.

Сентябрь 12, 2011 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад