Форуми байналмилалии самарабахшии нерӯи барқ
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 12 сентябр дар шаҳри Душанбе форуми дуюми байналмилалии самарабахшии нерӯи барқ ба кори худ оғоз бахшид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Дар кори форум намояндагони 60 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷамъомад муовини аввали вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов ва сардори Хадамоти назорати давлатии соҳаи энергетика Мавҷуда Келдиёрова муаррифӣ менамоянд. Ғайр аз ин дар форум мудири бахши рушди устувори энергетикаи комиссияи Аврупоӣ оид ба иқтисодиёти СММ Скот Фостер ва сардори бахши амнияти энергетикӣ ва захираҳои обии ЭСКАТО Хонг Пенг Лю ширкат намуданд.Муовини аввали вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов ба кори форуми дуюми байналмилалӣ ҳусни оғоз бахшид.Масъулини соҳаи барқи мамлакат ҳозиринро бо имконоти табиии Тоҷикистон дар самти тавлиди барқ шинос намуданд. Зикр шуд, ки ба нерӯи барқ на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои минтақа низ эҳтиёҷи зиёд доранд. Дар ҳолати ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад кишварҳои ҳамсояро низ бо нерӯи барқи арзон ба таври доимӣ таъмин намояд. Форуми мазкур аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, комиссияи СММ оид ба иқтисодиёти Аврупо ва комиссияи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти СММ оид ба Осиё ва минтақаи уқёнуси Ором ташкил гардида, 14 сентябр ба кори худ анҷом мебахшад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






