Форуми навбатии рушд муҳокима ва муайян гардид
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 26 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи муштараки Вазорати мазкур-котиботи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд доир гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи хуҷҷатҳои асосии стратегии рушди кишвар ва Нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштараки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд ва қадамҳои оянда дар ин самт баррасӣ гардиданд. Ҷаласаро Вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ифтитоҳ намуда, перомуни натиҷаҳои татбиқи стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштарак, омодагӣ ба Форуми рушди навбатӣ гузориш манзур намуд. Ҳамчунин ҷониби шарикони рушд, аз ҷумла намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон А. Айзен перомуни вазъи умумии макроиқтисодӣ ва роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Ҷ. Токешӣ ва намояндагони он доир ба Нақшаи чорабиниҳои Изҳороти муштарак ва дастовардҳо дар татбиқи он гузоришҳо манзур намуданд. Дар рафти чорабинӣ қадамҳои оянда ҷиҳати доир намудани Форуми навбатии рушд муҳокима ва муайян гардиданд.Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






