Гӯштингирони тоҷик ноком шуданд

Сентябрь 20, 2011 09:51

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). — Гӯштингирони Тоҷикистон иштироки худро дар мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи гӯштини тарзи озод ва юнонию римӣ, ки аз 12 то 18 сентябри соли 2011 дар шаҳри Истамбули Туркия сурат гирифт, бе ягон медал анҷом доданд.Тавре дар сомонаи Федератсияи байналмилалии гӯштин хабар дода мешавад, дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 10 нафар гӯштингирон қувваозмоӣ намуданд. Аз рӯи натиҷаи мусобиқот дастаи Тоҷикистон дар гӯштингирии тарзи озод 4 хол ба даст оварда, ҷойи 23 – юмро ишғол намуд. Варзишгарони тарзи гӯштини юнонию римӣ ягон хол ба даст наоварда, мақоми 32 – юмро касб намуданд. Қобили зикр аст, ки дар мусобиқоти ҷаҳон оид ба гӯштини тарзи озод ва тарзи юнонию римӣ дар шаҳри Истамбул 900 нафар варзишгарони 104 кишвари ҷаҳон барои дарёфти 21 мукофот қувваозмоӣ намуданд.

Сентябрь 20, 2011 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд