Гармхонаи офтобӣ дар Шӯрхок
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар деҳаи Шӯрхоки ҷамоати Қаратоғи ноҳияи Турсунзода сохтмони боз як гармхонаи офтобӣ анҷом ёфт. Соҳиби ин гармхона – фермери маҳаллӣ, дар он помидор, бодиринг ва кабудиҳои гуногун парвариш менамояд. Бояд зикр намуд, ки бо дастгирии Ҷамъияти ҳифзи табиати Норвегия дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон 9 гармхонаи офтобӣ сохта шудаанд. Дар деҳаи Шӯрхок ҳамчунин бо дастгирии ҷамъияти номбурда бинои мактаби маҳаллӣ таъмир гардида, аз рӯи масъалаҳои сарфаи энергия ба таҷдиди манбаъҳои он якчанд семинар доир шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






