Густариши ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Эрон
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Дар ҳамаи саҳнаҳо бояд дар канори ҳам бошем. Дар масоили чандҷониба ҳам пружаҳои бисёр хубе тарҳрезӣ шудаанд. Интиқоли обу барқ аз Тоҷикистон ба Эрон, хатти оҳан ва интиқоли энержӣ аз Эрон ба Тоҷикистон, ки агар тавони иқтисодӣ дошта бошем, аз Тоҷикистон беҳтар кадом давлат аст, ки мо ба ӯ нафт ё газ интиқол кунем»,- гуфт дирӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО Президенти ҶИЭ Маҳмуди Аҳмадинажод.Мавсуф афзуд, ки «Барои ҳамкории давлатҳои мо имкониятҳо хеле фаровонанд. Мо метавонем ниёзҳои худамонро аввал аз кишвари бародар таъмин кунем: Эрон аз Тоҷикистон, Тоҷикистон аз Эрон, баъд биравем суроғи дигарон. Барои бисёр корҳои иқтисодӣ барномарезӣ кунем ва корҳои ҷадидро шурӯъ кунем. Хушбахтона, Тоҷикистон як ҳаракати рӯ ба рушд ва пешрафти хуберо алъон барномарезӣ кардааст»,-афзуд М. Аҳмадинажод.Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ зикр кард, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба мо муяссар шуд, ки робитаҳои анъанавии таърихиамонро бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг, алалхусус бо Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор намуда, дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






