Хабарнигорон соҳиби гувоҳнома гардиданд
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 30 нафар хабарнигорони тоҷик, ки намояндагони расонаҳои мухталифи Тоҷикистонанд, муддати панҷ рӯз давраи омӯзиширо гузашта, соҳиби гувоҳнома гардиданд. Гувоҳномаҳоро 30 сентябр дар маросими ботантана ба хабарнигорони тоҷик Алиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.- «Нахустин давраи омӯзишӣ, ки бо иқдомоти хабаргузории «Форс»-и Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон созмон дода шуда буд, ҳадафаш ошноии журналистони тоҷик бо рӯзноманигории Эрон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинии хабарнигорони тоҷик пайваста бо дарназардошти вазъи журнализми байналмилалӣ ва технологияи муосири марбут ба журналистика дар шароити кунунии ҷомеаи ҷаҳон буд», мегӯяд роҳбари намояндагии хабаргузории «Форс» дар Душанбе Қосими Бегмуҳаммад. Бояд тазаккур дод, ки дар зарфи қариб як ҳафта ба хабарнигорони тоҷик ду тан аз устодони ботаҷрибаи бахши рӯзноманигории Эрон- Сайидризо Нақибуссодот ва Акбари Насруллоҳӣ дар мавзӯъҳои «Тарзи пайдо кардани сюжет барои хабар», «Равиши бумии тавлиди хабар», «Рӯзноманигорӣ дар шароити бӯҳрон» ва «Маънишиносии хабар» дарс доданд.14.55.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






