Хизматчиёни давлатӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд гурӯҳи калони кормандони маъмурияти шаҳр ва сохторҳои он барои иштироки фаъолона дар тайёрӣ ва гузаронидани тантанаҳои идонаи умумишаҳрӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр бо Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мукофотонида шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд. Ҳамчунин ба як қатор кормандон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.Муовини аввали раиси шаҳр Иброҳимҷон Иброҳимов зимни суханронӣ дар маросими мукофотсупорӣ саҳми кормандони раёсату кумитаҳо, шӯъбаю бахшҳои мақомоти иҷроия, инчунин кулли ҷомеаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои қаламрави шаҳрро дар рушди иҷтимою иқтисодӣ, ободонии шаҳр таъкид намуда, мукофотгирифтагонро аз номи раиси шаҳр Содиқҷон Мирхолиқов табрик кард.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






