Хони идонаатонро ғанӣ гардонидан мехоҳед? Пас бишитобед!

Сентябрь 1, 2011 16:00

Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори 20-умин солгарди Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 2-3 сентябри соли равон бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар чор мавзеи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши асал ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзон ташкил карда мешавад. Ташаббускори ин чорабинӣ шаҳрдории Душанбе ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ мебошанд. Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии Раиси шаҳр сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ҷиҳати ғанӣ гардонидани дастархони идонаи худ аз Боғҳои фароғатии «Дӯстии Халқҳо», ба номи Садриддин Айнӣ, майдони 800-солагии Москва ва гулгашти Александр Мироненко маҳсулоти кишоварзӣ ва хусусан асалро бо нархи арзон харид намоянд.

Сентябрь 1, 2011 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад