Худкушии шаҳрвандон бетарафии аҳли ҷомеа аст

Сентябрь 27, 2011 10:42

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси ҷумҳурӣ 415 ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 41 ҳодиса камтар аст. Аз шумораи умумии ашхоси даст ба худкушӣ зада 191 нафарашонро мардон ташкил медиҳанд, ки дар миёни онҳо 47 нафарашон ноболиғон мебошанд. Ҳамчунин дар байни онҳо 224 нафар занҳо низ ҳастанд, ки 47 нафарашонро духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.Бино ба маълумоти манбаъ, сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин афрод шароити вазнини зиндагӣ, касалии рӯҳӣ, муноқишаҳои оилавӣ ва боз дигар сабабҳои номаълум мебошанд. Дар ин ҳодисаҳои номатлуб бо роҳи худовезӣ 265 нафар, заҳролудшавӣ — 95, ғарқшавӣ — 17, худсӯзӣ -8 ва бо дигар роҳҳо 30 нафар ҷони худро аз даст додаанд.Ба гуфти коршиноси рӯҳӣ Давлат Ҳамроев, агар аҳли ҷомеа, роҳбарони ташкилоти давлатию ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои динию сиёсатшиносон аз зиндагии мрдум огаҳӣ пайдо карда, корҳои ташвиқотиву фаҳмондадиҳиро сари вақт ба роҳ мемонданд, нафарони зикршуда даст ба худкушӣ намезаданд. Ин бетарафии аҳли ҷомеа аст, ки мардуми аз зиндагӣ ноогаҳро ба роҳи дуруст ҳидоят намекунанд.

Сентябрь 27, 2011 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад