Иқдоми «Форс»

Сентябрь 26, 2011 14:07

Душанбе, 26 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз бо ибтикори хабаргузории «Форс»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе барои намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон нахустин давраи омӯзишӣ оғоз ёфт, ки он муддати панҷ рӯз идома меёбад. Дар маросими ифтитоҳи давраи омӯзишӣ роҳбарону масъулини хабаргузориҳои давлатӣ ва мустақил, радио ва телевизион, матбуот ва устодони бахши журналистикаи донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд. Алиасғари Шеърдӯст, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дурнамои таҳкими робитаҳои ду кишвари ҳамзабон – Тоҷикистону Эрон, хусусан дар бахши иттилоърасонӣ табодули назар карда, баргузории давраи омӯзиширо муҳим ва қадами устувор дар таҳкими ҳамкориҳои иттилоърасонии ҳар ду кишвар арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Давлат Назрӣ, сардори раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нақш ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон сухан карда гуфт, ки Эрон барои Тоҷикистон шарики муҳими стратегӣ буда, ҳар ду кишвар дорои муштаракоти забонию фарҳангӣ ва таърихианд. Мавсуф афзуд, ки дар тақвияти муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар васоити ахбори омма нақши муассир мебозад ва афзалияти бештар дорад. Давлат Назрӣ, нақши хабаргузории «Форс»-ро, ки дар Тоҷикистон намояндагии худро дорад, дар инъикоси саҳеҳи рӯйдодҳои муҳиму сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон муассир арзёбӣ кард. Ҳамзамон, Аббос Дарвиш Тавонгар, сардабири хабаргузории «Форс», Абдусаттор Нуралиев устоди бахши журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, рӯзноманигорони шинохта Султони Ҳамад, Зафари Суфӣ, Муҳаммади Эгамзод ва дигарон доир ба афзалияти ташкили давраи омӯзишӣ аз ҷониби хабаргузории «Форс» барои хабарнигорони тоҷик, сатҳ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунсоҳаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳамкориҳои васоити ахбори омма ва иттилоърасонӣ иброз назар карда, дар ин самт пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.

Сентябрь 26, 2011 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад