Иқдоми неки роҳсозон дар арафаи ду ҷашн

Сентябрь 5, 2011 16:08

Файзобод, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Бо дастгирии вазири нақлиёти ҶТ Низом Ҳакимов ва раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов дар деҳаи Сари сафедхоки ҷамоати деҳоти Чашмасор дар болои дарёи Элок барои аҳолии ин деҳа пули мустаҳкам сохта шуд.Тавре сардори хоҷагии роҳҳои минтақаи Ҳисор Рустам Ҳалимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, дарозии пули сохташуда 25 метр ва бараш 5 метр буда, он хеле мустаҳкам аст. Дар арафаи 20 – умин солгарди Истиқлолият ва 80 – солагии ноҳия 2 км 200 метр роҳи деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Мискинобод бо маблағҳои ҷудошудаи Вазорати нақлиёт таъмир карда шуд.

Сентябрь 5, 2011 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд