Ид дар клуби «Подмосковйе»
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова). – Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия беш аз сад нафар тоҷикистониҳо барои таҷлили 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Клуби «Подмосковье» ҷамъ омаданд.Ин чорабинӣ бо иҷрои Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, сипас корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммадӣ Давлатов суханронӣ кард. Номбурда ҳамватанон ва меҳмононро бо иди фархунда муборакбод намуда, аз давраҳои муҳими таърихи мамлакат, комёбиҳои мӯҳташам ва нақшаҳои рушду тараққии ҷумҳурӣ, саҳми барҷастаи Президент Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти давлатии кишварамон нақл кард. Сипас ба иштирокдорон ва меҳмонони ин чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва нишонҳои идонаи Тоҷикистон тақдим шуданд.Дар барномаи консертии ҷамъомад Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳасан Ҳайдар, гурӯҳи «Сомониён» таҳти роҳбарии Маҳмадюнус Файзиддинов ва гурӯҳи «Мавҷи Вахш» — и Ҷӯрабек Шарифов иштирок намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






