Ифтитоҳи осоишгоҳи «Харангон»
Душанбе, 9 сентябр. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).- Ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як иншооти наву замонавӣ- бинои Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон»-и ноҳияи Варзоб мавриди истифода қарор гирифт.Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадамин Маҳмадаминов зикр намуд, ки новобаста аз мушкилоти иқтисодӣ ва бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо ташаббуси Роҳбари давлат шабакаи муассисаҳои табобатию истироҳатии маъюбону пиронсолон сол аз сол зиёд шуда истодааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 7 муассисаи давлатии хона-интернат, аз ҷумла се хона-интернат бо шўъбаҳои кўдакона, Маркази миллию тавонбахшӣ барои кўдакон ва наврасони «Чорбоғ», Литсей- интернати касбии махсуси маъюбон ба ниёзмандон хизмат мерасонанд.Дар ин муассисаҳои иҷтимоию таълимӣ зиёда аз 1500 нафар эњтиёҷмандон бо ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






