«Имсол 5 млн. ниҳол шинонида шуд» — Т. Салимов
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Дар ҷамъомаде, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ баргузор шуд. раиси Кумита Т. Салимов зикр намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон СММ дар ҶТ чорабинии «10 солагии амалиёти оби тоза», инчунин чорабиниҳои дигари байналмилалиро баргузор намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи 8-уми СММ пайваст гардид ва вазифаҳои худро тибқи Конвенсия ба ҷо овард. Меморандуми гузаронидани экспедитсияи сеюми байналмилалии геофизикии Помир дар давраи солҳои 2012- 2017-ро ба имзо расонид.
Дар конфронси байналмилалие, ки дар шаҳри Бонни Олмон баргузор шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба рӯйхати 2-и Конвенсия гӯсфанди кӯҳии помириро дохил намоянд.
Т. Салимов ҳамчунин гуфт, ки бо ташаббус ва Фармони Президенти ҶТ соли ҷорӣ қариб 5 миллион ниҳоли гуногун шинонида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






