Имзои созишномаҳои системаи обтаъминкунӣ

Сентябрь 6, 2011 12:50

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти маркази матбуоти хоҷагии манзилию коммуналӣ, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати ҶТ ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар доираи лоиҳаи «Барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон» ҷиҳати ҷудо кардани 6 млн. 172,8 ҳазор доллари амрикоӣ созишнома ба имзо расид, ки аз ин 4 млн. 178,8 ҳазор доллараш маблағи грантӣ ва 2 млн. қарзи дарозмуддат мебошад.Мушовирони тадбиқи лоиҳа корҳои мураттаб сохтани  лоиҳаро оғоз намуданд.Барои амалисозии барнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Душанбе, ширкатҳои мушовир «Сеурека» -и Фаронса ва «Аквамундо» -и Олмонро ҷалб намудааст. Гурӯҳи тадбиқсози лоиҳа аз тарафи БАТР ба қарзи бебозгашти техникӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҷиҳати хариди техникаву механизмҳо барои шаҳрҳои фарогири Лоиҳа — Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Данғара 19 адад мошину механизмҳои махсуси коммуналӣ харида шуд.

Сентябрь 6, 2011 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд