Имзои Созишномаи навбатӣ
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи молиявӣ аз рӯи барномаи дастгирии рушди инсонро имзо намуданд. Барномаи номбурда се бахш, аз ҷумла тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва истифодаи маблағҳои давлатиро, ки 26 миллион евроро ташкил медиҳанд, дар бар мегирад.Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии Барнома иборат аз дастгирии рушди инсон: мадад ба беҳдошти вазъи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла, ҳифзи иҷтимоии қашшоқон ва табақаҳои осебпазиртарини аҳолӣ мебошад. Барномаи мазкур тавассути се омил, яъне дастгирии буҷавӣ (18 миллион евро), кӯмаки техникӣ барои дастгирии татбиқи ислоҳот (5,5 миллион евро) ва қарзҳои бебозгашт ба созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ (2,2 миллион евро) роҳандозӣ мешавад.Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули татбиқи барномаи дастгирии рушди инсон дар давоми давраи сесолаи татбиқшавии он маҳсуб мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






