Ислоҳоти идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ

Сентябрь 12, 2011 17:08

 
Душанбе, 12 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи маълумоти Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон, наздики 8 ҳазор бинои бисёрхонагӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тӯли 20 соли охир, бинобар иваз шудани шакли моликият ва тағйир надодани сохтори идоракунӣ ва хизматрасонӣ ба таври зарурӣ нигаҳдорӣ нашудаанд. Ин матлаб зимни баррасии натиҷаҳои тадқиқоти вобаста ба муайян кардани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи ислоҳоти идоракуниии биноҳои бисёрхонагӣ дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён гардид.  Татқиқоти мазкур дар 5 шаҳри калонтарини Тоҷикистон- Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа ва Чкалов гузаронида шуда, дар ҷараёни он 1500 нафар пурсида шудаанд. Натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, ки 91 % пурсидашудагон аз сохтори хизматрасонии манзили амалкунанда қонеъ нестанд. 76% пурсидашудагон дар бораи тағйирот дарак надоранд. 70% -и дигар тафовути байни фонди манзили давлатӣ ва хусусиро дарк намекунанд. Ҳол он ки моҳи августи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкатҳои соҳибмулкони манзил» қабул карда шуд, ки он бояд ба таври пурра соҳаро тағйир дода, барои ташкили муносибатҳои шартномавии бозаргонӣ ва баландравии сифати хизматрасонӣ мусоидат менамуд. Аммо ҳолат тағйир наёфт, меъёрҳои қонун татбиқ нашуда истодаанд, чунки қувваи пешбарандаи асосии ислоҳот дар ин самт аҳолӣ ба шумор меравад. Мутахассисони Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон бар ин назаранд, ки сатҳи пасти огоҳии мардум барои рушди коррупсия ва поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон замина мегузорад.

Сентябрь 12, 2011 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад