Иттилои Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ

Сентябрь 29, 2011 17:32

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар натиҷаи баргузории силсилаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони мақомоти амнияти миллӣ ва сарҳадбонони мамлакат аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 63 килограм маводи нашъадорро мусодира намуданд. Тавре ба мо аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳангоми амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўӣ кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҳудуди ҷамоати Балхобии нохияи Мўминобод бо гумони нашъаҷаллобӣ ронандаи автомошинаи тамғаи ВАЗ-2114 шаҳрванд Авазов Аминҷон Файзуллоевич, соли таваллудаш 1989, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кўлобро, ки мехост аз ҷойи ҳодиса фирор намояд, бо далели шайъӣ боздошт намуданд. Дар вақти азназаргузаронӣ аз дохили автомошина 17 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла 15 килограм афюн ва 2 килограмм бангдона дарёфт ва мусодира гардид. Айни замон шарики номбурда Давлатов Комилҷон Назруллоевич, ки пештар барои содир намудани ҷинояти алоқаманд ба нашъаҷаллобӣ маҳкум гардида, моҳи августи соли равон дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» ба озодӣ баромадааст, таҳти ҷустуҷў қарор дорад. Ҳамчунин, як гурўҳи чорнафараи сокинони ҷавони кишвар дар натиҷаи амалӣ сохтани чорабинии дигари оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз тарафи кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри  Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардида, аз онҳо қариб 5 килограмм маводи нашъадори «чарс» мусодира карда шуд. Кормандони раёсати мазкур дар ҷараёни боз як амалиёти махсус аз шаҳрванд Хоҷаев Саъдулло — зодаи Ҷумҳурии Ўзбекистон қариб 2 килограмм маводи нашъадори героинро, ки дар дохили бухории барқӣ (духовка) ҷой карда, онро ба шаҳри  Хуҷанд интиқол доданӣ буд, мусодира карданд.Субҳи 23 сентябри соли 2011 дар минтақаи дидбонгоҳи «Фархор»-и отряди сарҳадии Ҳамадонӣ наряди сарҳадӣ ҳангоми адои хизмат ба як гурўҳ қочоқчиён дучор гардид, ки онҳо ҳадаф доштанд ба таври ғайриқонунӣ ба қаламрави Тоҷикистон маводи нашъаоварро интиқол диҳанд. Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона қочоқбари силоҳбадасти афғон нобуд карда шуд.Ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников, 1 борхалта бо 5 кг маводи сахттаъсири героин ва 2 борхалта бо банги ҳиндӣ дарёфт ва мусодира гардид. Тафтиши минбаъда муайян сохт, ки қочоқчии кушташуда сокини улусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон Хол валади Пўлоди 47 сола мебошад. Номбурда муддати дароз ба қочоқи маводи нашъадор машғул буд.Инчунин, шаби 23 ба 24 сентябри соли равон дар минтақаи дидбонгоҳи «Панҷи миёна»-и отряди сарҳадии Панҷ байни наряди сарҳадӣ ва гурўҳи қочоқбарони афғон задухўрди мусаллаҳона ба миён омад, ки дар натиҷа 2 қочоқчӣ — сарвари гурўҳи ҷиноятпешаи афғон Ғаффор валади Маҳмуд ва ҳаммаслаки ў кушта шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 1 автомати Калашников бо тирдонаш, 1 камони шикорӣ ва 2 халта бо 30 килограмм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира карда шуд.Айни замон аз рўи ҳамаи ҳодисаҳои зикршуда парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот давом дорад.  

Сентябрь 29, 2011 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад