Изҳороти Бонки миллии Тоҷикистон
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназар Абӯбакр).- Рӯзҳои охири ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои асъори ҷумҳурӣ якбора паст фаромад.Сарфи назар аз зуҳуроти шадиди омилҳои беруна, ки пеш аз ҳама дар коҳиши якбораи нишондиҳандаҳои молиявӣ, қурби асъори ҷаҳонӣ, нархҳои дороиҳои гуногун таҷассум меёбанд ва то дараҷае номуайяниро нисбат ба асъори ҷаҳонӣ эҷод менамояyд, вазъи умумии бозори асъори дохилӣ ва нишондиҳандаҳои амалиётии он дар маҷмӯъ мӯътадил мебошанд. Бонки миллии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки бонкҳо, бахшҳои марбутаи онҳо ва нуқтаҳои мубодилаи асъор дар пешниҳоди хизматгузории амалиёти асъорӣ фаъолияти муқаррарии худро минбаъд идома медиҳанд ва дар мавриди зарурӣ ҷиҳати нигоҳдории устувории бозори дохилии асъор омода аст чораҳои оҷилии дахлдор андешад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






