Кӯмакҳои ИМА ба рушди деҳоти Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2011 11:37

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —  Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузории як силсила лагерҳои тобистона ва семинарҳоро бо иштироки ширкаткунандагони Барномаи Театри ҷавонон “Сулҳ” (ТҶС) ташкил намуд. Барномаи мазкур театрро ҳамчун василаи эҷодӣ барои ҷалби сокинони деҳот дар муайян намудан ва дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти маҳал  истифода мебарад. Иштирокчиёни калонсолу ҷавони барнома, ки ба воситаи ин усулҳо омӯзонида шудаанд, барои ҷавонони ҷамоатҳои худ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон семинарҳо ташкил мекунанд.  То имрӯз тавассути грантҳои хурд иштирокчиёни барнома 20 семинар оид ба намоишномаи «Тағйирдиҳии низоъ» гузарониданд, ки он зиёда аз 300 иштирокчиро аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ҷамъ овард.   Ёдовар мешавем, ки Барномаи Театри ҷавонон- “Сулҳ” аз ҷумлаи барномаҳои сершумори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ мебошад, ки бо шарофати дастгирии мардуми Амрико имконпазир гардидааст.  Аз соли 1992 то имрӯз мардуми Амрико барои барномаҳои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва  рушди иқтисод дар Тоҷикистон тақрибан 984 миллион доллар сарф намудааст.

Сентябрь 20, 2011 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!