Кӯмаки Ҳукумат баҳри рушди соҳаи қутоспарварӣ
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов зимни ҷаласаи корие, ки дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ доир гардид, гуфт, ки бо мақсади амалӣ гардидани «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015» тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷаи ҷумҳурӣ 2,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Бо маблағи мазкур ҳазор сар қутос харидорӣ гардида ва ба ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи кӯҳӣ, Ҷиргатол, Варзоб, Тавилдара, Балҷувон ва ноҳияҳои ВМБК интиқол дода мешавад. Ҳамзамон тибқи супориши вазири кишоварзӣ Қ.Қосимов перомуни истифодаи мақсадноки маблағ ва роҳ надодан ба унсурҳои коррупсионӣ дар ҳайати кормандони масъули вазорати кишоварзӣ гурўҳи махсуси корӣ таъсис дода шуд. Ёдовар мешавем, ки мутобиқи маълумоти оморӣ то соли 2008 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 16 ҳазор сар қутос дар 38 хоҷагӣ нигоҳубин карда мешуд. Дар натиҷаи амалишавии барнома саршумори қутос афзоиш ёфта, то 1 январи соли 2011 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 21 ҳазору 500 сар расонида шуд, ки он нисбат ба соли 2008 34% зиёд мебошад. Айни замон дар хоҷагиҳои қутоспарвари ҷумҳурӣ саршумори қутос 20774 сарро ташкил медиҳад. Наслгирӣ дар хоҷагиҳои қутоспарварӣ сол то сол зиёд мешавад. Аз ҷумла, соли 2010 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 5800 сар насли қутос гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2008 950 сар зиёд мебошад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






