Кароматуллои Мирзо ва «Моҷарои хонарӯбӣ»
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Муассисаи нашриявии «Маориф ва фарҳанг» китоби нави Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоро бо номи «Диле, ки саршори меҳр аст» аз чоп баровард.Мураттиби китоб Амирхон Аҳмадов онро аз маҷмӯи қисса, ҳикоя, ва ёддномаҳо мураттаб гардонидааст. Дар саҳифаҳои аввали «Диле, ки саршори меҳр аст» аз сафарҳои якҷояи нависанда Кароматуллоҳи Мирзо бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҳикоят мешавад. Ҳикояҳои «Меҳри модар», «Гӯшвора», «Алами ҷудоӣ», «Маҳрами роз», «Моҷарои хонарӯбӣ», «Марги душвор» ва ғайра ёдномаҳои адибанд, ки барои хонанда ҷолиб хоҳанд буд.Китоби нави нависандаи маҳбуб Кароматуллоҳи Мирзо ҳадяи пурарзишест ба хонандаи гавҳаршиноси тоҷик.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






