Кишоварзони Форс дар Хатлон

Сентябрь 19, 2011 12:36

Душанбе, 19 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Эрон дар заминаи бахши кишоварзӣ ҳамкории худро бо Тоҷикистон густариш дода,  ҷиҳати рушди он сармоягузорӣ менамояд. Далели ин ташрифи ҳайати кишоварзони вилояти Форс таҳти роҳбарии Муҳандис Хирад,  Раиси  Созмони кишоварзии вилояти Форси Эрон ба Тоҷикистон аст. Аббос Баёнӣ, масъули бахши иқтисод ва тиҷорати Сафорати Эрон дар Душанбе зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати мазкур дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои  иқтисодию тиҷоратӣ озими Душанбе гардид. Баёнӣ афзуд, ки ҳадафи сафари ҳайати мазкур ба  Тоҷикистон  омӯзиши вазъи кишоварзии Тоҷикистон ва тавсеаи сармоягузорӣ дар ин бахш мебошад. Ҳайати кишоварзони эронӣ, ки аз 18 нафар иборат аст, зимни боздид аз Тоҷикистон  бо Раҳим Назаров, муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалӣ мулоқот намуда, бо вазъи заминҳои киштбоби ин минтақа шинос гардиданд.Назар ба иттилои Баёнӣ дар соли 2010 гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон 210 миллион долларро ташкил дода,  тӯли соли равон 15%  афзоиш ёфтааст. Алҳол,  дар Тоҷикистон 70 ширкати эронӣ дар бахшҳои  саноатӣ, тиҷоратӣ ва кишоварзӣ фаъол буда, аз он 40 ададашро корхонаҳои муштарак ташкил медиҳанд.

Сентябрь 19, 2011 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад