Китоб- шиносномаи миллат
Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 4 сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Дар робита ба ин рӯз дар Китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ зери унвони «Китоб шиносномаи миллат» маҳфили илмию адабӣ баргузор мегардад, ки дар он аҳли илму фарҳанг иштирок менамоянд.Интизор меравад, ки дар маҳфил доир ба нақш ва мақоми китоб дар тасвиру тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашру ба табърасонӣ ва мутолиаи китоб дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маърӯзаҳо ироа гарданд.Ҳамзамон, дар доираи баргузории маҳфили илмию адабӣ таҳти унвони «Сабақи китоб» барномаи театрикунонидашуда намоиш дода мешавад.Бояд тазаккур дод, ки тибқи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз сӯи палатаи поёнии парлумони мамлакат қабул гардида буд, ҳамасола дар кишвар 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






