Конгресси XI-уми педиатрҳои Аврупову Осиё дар Душанбе
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-29-30 сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии илмӣ-клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳӣ бо ҳамкории Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Академияи улуми тиббии ҶТ, Иттиҳодияи миллии ҷомеаҳои педиатрӣ дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе Конгресси XI-уми педиатрҳои Аврупову Осиё «Проблемаҳои сиҳатӣ ва рушди кӯдакон дар замони муосир» баргузор мегардад.Дар конгресс масоили комёбӣ ва проблемаи педиатрӣ дар мамолики минтақаи Аврупову Осиё, натиҷаи фаъолият ва пешомад, навовариҳои ташхис ва табобати кӯдакону наврасон, махсусияти ғизои кӯдакон баррасӣ мешаванд.Барои иштирок дар конгресс 200 нафар мутахассисони варзида аз кишварҳои Аврупо ва Осиё, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Украина, Белорус, Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон даъват шудаанд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






