Корҳои иктишофӣ самаранок хоҳанд буд
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон Азим Иброҳим, Айни замон дар ҷумҳурӣ баробари ширкати шведии «Сомон Ойл» боз 4 ширкати дигар, аз қабили ширкати «Газпром» — и Русия, «Тетис Петролиюм» -и Амрико, ширкати «Марвис» — и Сингапур ва ширкати «ТоҷАм» — и Тоҷикистону Амрико ба иктишофи нафту газ машғуланд. Тибқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз се триллион метрии мукааб газ ва беш аз 200 млн. тонна нафт мавҷуд аст. Коршиноси иқтисодӣ Аскар Кабутов ба ин ақидааст, ки агар дар замони шӯравӣ марказ (Маскав дар назар аст) андаке ғами миллатҳои маҳаллиро мехӯрду захоири табии онҳоро мавриди истифода қарор медод, имрӯз Тоҷикистон газро аз Ӯзбекистон бо нархи 300 доллар барои ҳазор метри мукааб ва аз Русия сӯзишвории нафтиро бо нархи 399,7 доллар, ки он ҳам бо мушкилот вориди Тоҷикистон мегардад, намехарид. Истиқлолият боварию эътимодро ба ширкатҳои хориҷӣ дар корҳои иктишофӣ ба вуҷуд овард ва он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон тавассути ин ширкатҳо нафақат аҳолии худ, балки ҳамсоядавлатҳои хориҷиашро ҳам бо нафту газ таъмин хоҳад кард.- Мо ба самаранок будани корҳои иктишофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боварии комил дорем,- мегӯяд сардори Саридораи геологияи ҶТ Азим Иброҳим.








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






