Коркарди пахта дар «Файзи Данғара»
Данғара, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди «Файзи Данғара»-и ноҳияи Данғара қабули пахтаи солҳои 2011-2012- ро идома дода, имзои шартномаҳоро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар менамояд. Намозхон Тошев, сармуҳосиби корхонаи мазкур дар мавриди қабули пахта иттилоъ дода гуфт, ки то ин дам корхона аз хоҷагиҳои деҳқонӣ 1 ҳазору 200 тонна ашёи хом қабул карда, 550 тоннаи онро коркард кард. Навъҳои пахтаи коркардшуда «Флора», «Ирам», «Хуҷанд» буда, ба иқлими ноҳия хеле мутобиқ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки масъулини корхона бо 133 хоҷагии деҳқонӣ шартнома доранд. Айни ҳол дар корхона 110 нафар коргарон фаъолият намуда, истеҳсоли маҳсулотро дар ду баст ба роҳ мондаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






