Коркарди пахта дар «Неъмат»

Сентябрь 13, 2011 15:50

Восеъ, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). – Корхонаи Ҷамъияти Масъулияташ Маҳдуди «Неъмат» — и ноҳияи Восеъ ба қабули пахтаи имсола шурӯъ кард. То ин дам аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 2000 тонна пахта қабул ва 700 тоннаи он коркард шудааст. Алихон Худоёров, директори корхона гуфт, ки масъулини коргоҳ бо 400 хоҷагии деҳқонӣ шартнома баста, маблағи чиниши пахта ва сӯзишвориро ба хоҷагиҳо пешпардохт кардаанд. Ба гуфти манбаъ, корхона дар ду баст фаъолият дошта, дар он 130 нафар коргар кор мекунанд. Мавриди зикр аст, ки воридоти ашёи хом нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба корхонаи мазкур бештар гардида, масъулини корхона тасмим гирифтанд хоҷагиҳоро бо маблағгузории саривақтӣ таъмин намоянд.

Сентябрь 13, 2011 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд