М. Барра таассуроташро ба хабарнигорон иброз медорад
Душанбе, 14 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Массимо Барра, президенти Комиссияи пайвастаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар имрӯз дар Душанбе зимни як нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон сӯҳбат меорояд.
Аз намояндагии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар Тоҷикистон (ФБҶ СС ва ҲА) ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Массимо Барра аз 9 сентябр инҷониб дар Тоҷикистон қарор дорад ва аз машваратхонаҳои мӯътодон дар шаҳрҳои Кӯлобу Хоруғ ва ноҳияи Дарвоз, инчунин аз беморхонаи мӯътодони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дидан намуда, бо мақомоти ҳукуматӣ ва беҳдоштии Тоҷикистон дидору мулоқот намуд.
Интизор меравад, ки Массимо Барра таассуроти худро аз Тоҷикистон 14 сентябр зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иброз медорад.
М. Барра ҳамзамон муассис ва узви Шӯрои Бунёди итолиёвии Вилла Мараинӣ буда, тақрибан 40 соли умри худро ба соҳаи беҳдоштӣ, асосан ёрӣ ба мӯътодони маводи мухаддир, бахшидааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






