М.Додоҷонов даргузашт

Сентябрь 16, 2011 10:57

Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 сентябри соли 2011 Роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳибулло Додоҷонов бар асари сактаи қалб дар синни 58 солагӣ аз олам даргузашт.  Муҳибулло Додоҷонов 5 декабри соли 1953 дар деҳаи Баҳори ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Дорои маълумоти олӣ буда, соли 1975 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳофизати растаниҳо хатм кардааст. М. Додоҷонов номзади илмҳои идоракунии давлатӣ буда, аз соли 2000 –ум инҷониб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба ҳайси роҳбари Дастгоҳ фаъолият дошт. Мавсуф дар баргузории ду интихоботи парлумонӣ ва як интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ва тавсеаи робитаю ҳамкориҳои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соири комиссияҳои интихоботии кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, ки дар баргузории интихобот ва раъйпурсиҳо масъуланд, нақши муассир гузоштааст. Хизматҳои шоистаи марҳум борҳо аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ гардидааст. Хусусан, дар остонаи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Додоҷонов дар қатори дигар кормандони мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардида буд.  Аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки маросими ҷанозаи марҳум Муҳибулло Додоҷонов 16 сентябр дар деҳаи Қирғизони ноҳияи Ваҳдат баргузор мегардад.

Сентябрь 16, 2011 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд