Маҷмааи боҳашамат дар Исфара
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Агар дар зарфи 20 соли охир дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар маҷмӯъ тармиму таҷдид ва бунёди зиёда аз 200 иншооти муҳими иҷтимоӣ анҷом дода шуда бошад, пас дар зарфи ҳамагӣ як сол дар ҷараёни раванди омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ сохтмони беш аз 40 иншоот ва таъмиру тармим, ободонӣ ва гулзоркунии ҳудуди 178 иншоот бомувафақият ба анҷом расид.
Дар ин радиф дар маркази шаҳр бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Тоҳирҷон Қосимов ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ маҷмааи савдо ва хизматрасонии боҳашамат ва бо тарҳи замонавӣ бунёдгардида мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд. Иншооти мазкур давоми се сол бунёд гардида, арзиши лоиҳавии он беш аз 1 миллион сомониро ташкил дода, он аз маҷмааи савдо ва хизматрасонӣ ва толори фурӯши мошинҳо иборат буда, то ҳанӯз дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара аз нигоҳи тарзи меъморӣ ва шарти фаъолият назир надорад. Муҳимтар аз ҳама дар ин ҷо беш аз 30 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Дар гӯшаи дигари шаҳр бо саъю кӯшиш ва саҳмгузории муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкор Абдусабур Мадалиев дар масоҳати 0,75 гектар бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии тозабунёд мавриди истифода қарор дода шуд.
Роҳбарияти бозор бо фароҳам овардани 35 ҷойи холии корӣ азм дорад дар ин ҷо фурӯши масолеҳи бинокории босифати истеҳсоли ватанию хориҷиро бо нархҳои нисбатан арзон ба роҳ монад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






