Мактаби навбунёди маҳаллаи «Зарринкӯҳ»
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Раёсати маорифи шаҳри Кӯлоб айни замон барои пурра ба мактабҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, ва литсейҳои шаҳр фаро гирифтани хонандагон 42 мактаби таҳсилоти умумӣ, 5 гимназия, 3 литсей ва 2 интернат фаъолият доранд, ки дар онҳо 2351 нафар омӯзгорон ба кор ҷалб шудаанд.Боиси тазаккур аст, ки моҳи июни соли гузашта дар маҳаллаи навбунёди «Зарринкӯҳ» — и шаҳр сохтмончиён ба бунёди мактаби хуштарҳи замонавӣ оғоз намуданд, ки сохтмони он дар арафаи соли хониш анҷом ёфта, мактаб мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад. Мактаб ба маблағи 12 млн. сомонӣ бо 2 ҳазору 400 ҷои нишаст ва бо тамоми шароити ба мактабҳои муосири ҷаҳонӣ ҷавобгӯй бунёд гардидааст. Мактаб аз 39 синфхона, 4 озмоишгоҳ, 2 синфхонаи компютерӣ, толори маҷлисгоҳ, утоқи муоинаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат буда, дар арафаи ҷашни 20 –солагии Истиқлолияти давлатӣ чун тӯҳфаи идона барои толибилмону омӯзгорон дар маҳаллаи нав эҳдо шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






