Маъракаи пахтачинӣ суръат мегирад
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Маъракаи пахтачинӣ дар ҷумҳурӣ суръат мегирад. То имрӯз беш аз 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ин 65 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, сабаби баланд шудани суръати ҷамъоварии пахта шароити мусоиди обу ҳаво ва саъю кӯшиши деҳқонон барои пеш аз сард шудани ҳаво ҳар чи бештар ҷамъ овардани ҳосили пахта аст.Хотирнишон месозем, ки имсол ҷамъоварии ҳосили пахта дар нимаи дуюми моҳи март оғоз ёфт. Дар он вақт пахтакорони вилояти Хатлон аз ҳама пештар ба ҷамъоварии ҳосил шурӯъ намуданд. Онҳо то имрӯз беш аз 180 ҳазор тонна пахта ғундоштаанд. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳоло қариб 17 ҳазор тонна ва дар вилояти Суғд ба андозаи 54 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол деҳқонони кишвар ният доранд, ки 390 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






