Марказҳои русӣ дар Тоҷикистон афзудаанд

Сентябрь 2, 2011 11:14

Душанбе, 2 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Таҳкими ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Агентии Федералӣ доир ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкориҳои байналхалқии гуманитарии Федератсияи Русия Фарит Мухамедшин дар Душанбе баррасӣ гардиданд.Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо тавсеаи заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуманитарӣ оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маориф, таҳсилу зиёд намудани квотаҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар мактабҳои олии Федератсияи Русияро матраҳ намуданд.Ҳамзамон, мусоҳибон масъалаи бозомӯзии кадрҳо, таъсиси мактабҳо бо таълими забони русӣ, курсҳои омӯзишӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат дар Федератсияи Русия ва таъминоти мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии кишвар бо китобҳову дигар ашёи таълимӣ ва омӯзгорони фанни забони русиро мавриди баррасӣ қарор доданд. М. Убайдуллоев ва Ф Мухамедшин баҳри ноил шудан ба ҳадафҳои созанда саҳми Марказҳои русии дар Тоҷикистон таъсисёфтаро нек арзёбӣ намуданд.Зикр гардид, ки иқтидори ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ дар доираи Созишномаи мавҷудаи байниҳукуматӣ бовусъат сафарбар карда мешавад. Назар ба иттилои ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ Шавкат Саидов, мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ҷараён гирифт.

Сентябрь 2, 2011 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имсол Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон, Давлати Қатар, Беларус ва Қирғизистон доир гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад