Моҳӣ фаровону моҳихар кам
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, ҳаҷми маҳсулоти моҳӣ моҳҳои январ – августи соли 2011 3,1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 63,5 фоиз зиёд аст. Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои моҳипарвари ҷумҳурӣ 217 ,9 тонна моҳӣ сайд карда шудааст. Дар ин давра дар хоҷагиҳои моҳипарвари вилояти Хатлон 127,3 тонна, дар вилояти Суғд – 59,5, ВМКБ – 25,9, хоҷагиҳои моҳипарвари шаҳри Ваҳдат – 3,6, ноҳияи Рӯдакӣ -1,3 ва ноҳияи Файзобод ба қадри 0,3 тонна моҳӣ сайд карда шудааст.Айни замон қариб дар ҳамаи бозорҳои шаҳр савдои моҳии зинда ба роҳ монда шуда бошад ҳам, аммо бо сабаби гаронии нарх харидори зиёд надорад. Гӯшти моҳӣ дар ҳамаи бозорҳо бо як нарх- аз 15 то 45 сомонӣ барои ҳар кило ба фурӯш бароварда мешавад. Сабаби дигари харидори кам доштани гӯшти моҳӣ набудани иттилои зарурии шаҳрвандон доир ба парҳезӣ будани он аст. Аз ин рӯ, бо вуҷуди ба бозор зиёд ворид намудани моҳӣ моҳихар камтар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






