Муҳоҷирони тоҷик аз асорат озод шуданд

Сентябрь 30, 2011 15:45

Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия Эшонқулова). — Зимни ҳамкории  муштараки Раёсати  федералии Хадамоти муҳоҷирати  Русия  дар  кишвари  Краснодар  ва ташкилоти  ҷамъиятии «Маркази  минтақавии  Ҷануб» якчанд  нафар  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  дар  бинои  яке  аз  ширкатҳои  Краснодар  асир  буданд,  озод  карда шуданд. Дар  ин  бора  ба  АМИТ «Ховар»  дар  маркази  матбуоти  Хадамоти  муҳоҷирати  назди  Ҳукумати  ҶТ хабар  доданд. Мувофиқи  суханони  манбаъ, корфармоён  шиносномаҳои  муҳоҷиронро  гирифта,  бо  ин  васила   онҳоро  аз  имконияти баромадан  аз  ҳудуди  ташкилоти  номбурда маҳрум  сохтанд. Кормандони хадамоти  муҳоҷират  ва  прокуратура  барои  озод  намудани  7  нафар   шаҳрвандони  асирафтодаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  ба  онҳо  баргардонидани  шиносномаҳояшон  чораҳои  таъҷилӣ  дида,  онҳоро  озод  карданд. Дар  робита бо  ин,  Хадамоти  муҳоҷирати   назди  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба Раёсати  федералии Хадамоти муҳоҷирати  Русия дар  кишвари  Краснодар,  ташкилоти  ҷамъиятии  «Маркази минтақавии  Ҷануб»,  ҳамчунин  ба  ташкилоти  ҷамъиятии  Маркази  миллии  адабии «Меҳри  Сомониён»  — и ҷамъияти  тоҷикони  кишвари  Краснодар   барои мадади  таъҷилиашон  ҷиҳати  ҳалли  ин  қазия  изҳори  миннатдорӣ  мекунад.

Сентябрь 30, 2011 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд