Муҳокимаи дурнамои рушди фарҳанги Хуҷанд
Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Чанде пеш дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Барномаи рушди фарҳанги шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2012 — 2015» мизи мудаввар баргузор шуд. Дар он олимон, санъатшиносон, ходимони илм ва фарҳанг, устодони мактабҳои бачагонаи мусиқию санъат ва кормандони муассисаҳои фарҳангию равшаннамоӣ ширкат варзиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти маъмурияти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба дурнамои рушди санъати театр, мусиқӣ, санъати тасвирӣ, хореографӣ, эҷодиёти бадеӣ, китобдорӣ, масоили мустаҳкамгардонии заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳангию равшаннамоӣ, тарбияи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат, нашр намудани китобҳо барои мактабҳои махсусгардонидашудаи бачагонаи мусиқӣ ва дигар соҳаҳои муассисаҳои омӯзишӣ, рушди ҳунарҳои халқӣ-бадеӣ ва асбобҳои аёнӣ мубоҳисаронӣ намуданд.Дар анҷоми ҳамоиш иштирокдорони мизи мудаввар муроҷиати кормандони бахши фарҳанг ва санъатро қабул намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






