Муҳокимаи лоиҳаи Кодекси нави андоз
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Тағйирот ба қонунгузории Тоҷикистон бобати андозгузорӣ ва пешниҳодҳо ба лоиҳаи Кодекси нави андоз аз созмонҳои ғайритиҷоратӣ» — чунин буд мавзӯи мизи мудаввар, ки имрӯз, 29 сентябр, дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин чорабиниро Маркази байналмилалии ҳуқуқи ғайритиҷоратии назди дастгирии молиявии Агентии оид ба рушди байналмилалии Амрико рӯи кор овардааст. Дар кори мизи мудаввар 20 нафар намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои дигари наздики он иштирок доштанд. Иштирокдорони мизи мудаввар перомуни бархе тағйирот ба Кодекси андози Тоҷикистон мубоҳиса намуда, аз рӯи масъалаи мазкур пешниҳодҳои асосноки худро ироа намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






