Муҳокимаи масоили кӯли Сарез

Сентябрь 3, 2011 10:15

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Масоили кӯли Сарез ва роҳи ҳалли он дар конфронси байналмилалии илмию техникӣ, ки 26-27 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, муҳокима мешаванд. Ташкилкунандаи конфронси мазкур Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати ҶТ мебошад.Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, масъалаи асосие, ки тибқи нақша ба муҳокимаи аҳли нишаст гузошта мешавад, ин таъсиси консорсиуми байналмиллалӣ доир ба истифодаи оби кӯли мазкур, ки 100 сол қабл дар натиҷаи заминларзаи харобиовар дар кӯҳҳои Помири Тоҷикистон пайдо шудааст, мебошад. Тибқи иттилои манбаъ, айни замон барои дар сатҳи баланд гузаронидани конфронси мазкур гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.

Сентябрь 3, 2011 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад