Муаллимони забони англисӣ таҷриба меомӯзанд
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо ибтикори Маркази маърифатии «Мултикид» ва бо дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаллимони тоҷики забони англисии мактабҳои шаҳр аз 3 то 5 октябр аз санҷиши тренингӣ мегузаранд.Мақсад аз ин тадбир расонидани кӯмак ба фаъолияти педагогии муаллимони забони англисӣ ва бо тамоюлҳои муосири усули таълими забони англисӣ шинос намудани муаллимон аст. Тренингро муаллими забони англисии Донишгоҳи давлатии музофоти Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Нэнси Белл мегузаронад.Муаллимони тоҷик баъди гузаштан аз санҷиши тренингӣ бояд нафақат забони англисиро ба хонандагон хушсифату самарабахш таълим диҳанд, балки ба ҳамкасбони ҷавони худ аз усулҳои муосири таълим низ нақл намоянд. Хотирнишон месозем, ки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Маркази маърифатии «Мултикид» се қарордодро перомуни татбиқи минбаъдаи Барномаи менторӣ имзо намудааст, ки дар чаҳорчӯбаи он соли 2012 ҳамин хел тренингҳо роҳандозӣ мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






