Муаррифии китоби Ҳамрохон Зарифӣ
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Пекин маросими муаррифии китоби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Санъати ороишию амалии тоҷикон: аз байни қарнҳо» ба забони чиноӣ баргузор шуд. Чанде пеш ин китобро нашриёти «Минтсзу чубаншэ» («Нашриёти миллӣ») аз чоп баровард. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ Рашид Олимов зимни суханрониаш дар ин маросим зикр намуд, ки тоҷикон яке аз халқҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, мероси маънавию фарҳангии халқи тоҷик дар давоми асрҳо ташаккул меёфт. Тайи солҳои Истиқлолият шаклу самтҳои фаромӯшшуда ё қариб аз байн рафтаи санъату касбҳои халқ ва иду анъанаҳо умри дубора пайдо намуданд. Муаллиф дар бораи ҳамаи ин бо забони оммафаҳму гуворо нақл менамояд. Номбурда ҳамчунин изҳори умедворӣ намуд, ки шиносоӣ бо мазмуни китоб ба ҳар хонандаи чиноӣ имкон медиҳад, ки ба фарҳангу санъати бостонӣ ва ба худ хоси тоҷикон сарфаҳм равад.Раиси Ҷамъияти дӯстии Чин бо Осиёи Марказӣ Чжан Дэгуан дар навбати худ иброз дошт, ки фарҳангу санъати тоҷикон хусусияти ба худ хос ва арзиши бебаҳо дорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






