Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо намояндаи Ҳукумати Олмон
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – 20 сентябри соли 2011 дар Ню – Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ намояндаи махсуси Ҳукумати Олмон аз рӯи масъалаҳои Афғонистон ва Покистон Микаил Штайнерро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот масоили доир намудани Конфронси Бонн перомуни вазъи Афғонистон, ки 5 декабри соли равон сурат мегирад, муҳокима шуданд. Ҷонибҳо аҳамияти конфронсро барои ҳифзи сулҳу пойдории Афғонистон ва ҳамгироии иқтисодиёти Афғонистон бо кишварҳои минтақа ба таври махсус зикр намуданд.Ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки Конфронси Боннро дастгирӣ менамояд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






