Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Имрӯз вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот сардори Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Сафир Эдуард Ауэр низ иштирок кард. Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» итилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ба вазир доир ба фаъолияти худ дар минтақа ва сафарҳои кории хеш ба Қирғизистон иттилоъ дод ва ҷиҳати вазъият дар ин кишвар фикри худро баён намуд.Вобаста ба ин мавзӯъ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки Тоҷикистон, ҳамчун ҳамсояи наздики Қирғизистон манфиатдори сулҳу субот ва вазъияти осуда дар ин кишвар мебошад. Ҳ.Зарифӣ оид ба вазъият дар минтақа ва рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя низ иттилоъ дод. Вазир ҳамчунин роҷеъ ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо изҳори назар кард.Ҷонибҳо вазъияти Афғонистон ва рушди ояндаи ин кишварро баъди баровардани қӯшунҳои коалитсионӣ дар соли 2014 муфассал муҳокима намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон изҳори умедворӣ кард, ки кори Конфронс оид ба Афғонистон, ки дар моҳи декабри соли ҷорӣ дар Бонн баргузор мешавад, ба натиҷаҳои мусбат ноил мегардад.Бо хоҳиши П.Морел вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба натиҷаи Саммити сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар Душанбе барпо гардид ва созишномаҳои дар рафти ҷаласаи он баимзорасида иттилоъ дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






