Мулоқоти Э.Раҳмон бо Директори Бонки осиёии рушд

Сентябрь 15, 2011 15:58

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Бонки осиёии рушд Ашок Лаҳирӣ ва чанд аъзои Шўрои директорони ин бонкро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи минтақавӣ, аз ҷумла дар самти дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноии байниминтақавӣ баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо вуҷуди болоравии нархи сўзишворӣ ва маводи ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ, маҷмўи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳашт моҳи соли равон 7,1 фоиз афзоиш ёфт. Ҳамзамон бо ишора ба 8,5 фоиз боло рафтани сатҳи таваррум таъкид гардид, ки рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чун кишвари рў ба тараққӣ бояд мавриди дастгирӣ қарор дошта бошад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, аз ҷумла зикр намуд, ки дар тўли солҳои шарикӣ ин бонк ба кишвари мо дар ҳаҷми беш аз 850 миллион доллари америкоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кўмаки техникӣ пешниҳод намудааст.Тавре зикр гардид, ҳоло портфели лоиҳаҳои фаъол ба маблағи умумии 529 миллион доллари америкоӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ дар ҳоли татбиқ қарор доранд.Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки «дар ҳамкории Бонки осиёии рушд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз имкониятҳои истифоданашуда зиёданд».Барномаи сесолаи таҳияшавандаи ҳамкории Тоҷикистону Бонки осиёии рушд барои солҳои 2012-2014 муфассал баррасӣ шуд. Тибқи он, барои беҳтарсозии шабакаи роҳи нақлиётӣ, амнияти энергетикӣ, рушди бахши хусусӣ ва идоракунии минтақавӣ дар ҳаҷми қариб 200 миллион доллари америкоӣ сармоягузорӣ пешбинӣ мегардад.Гуфтугўйи судманд доир ба нақшаҳои иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерўи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000 барои интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон, сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 15, 2011 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд