Мулоқоти Э.Раҳмон бо М.Аҳмадинажод
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод барои боздиди расмӣ ба пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар Қасри миллат аввал мулоқоти як ба яки президентҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуд Аҳмадинажод ва баъдан гуфтушуниди ҳайатҳои расмии ҳар ду мамлакат баргузор гардид. Дар фарҷоми гуфтушунид ду санади ҳамкории байнидавлатӣ — Созишнома дар мавриди сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Айнӣ дар шимоли Тоҷикистон ва ба кор андохтани заводи истеҳсоли семент дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба имзо расиданд. Мавзӯи асосии гуфтушуниди роҳбарони Тоҷикистону Эрон густариши ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, кишоварзӣ ва хоҷагии коммуналӣ мебошад. Дар назар аст, ки зимни сафараш М.Аҳмадинажод дар маросими ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2», ки аз ҷониби ширкати эронии «Сангоб» дар ҷануби Тоҷикистон сохта мешавад, иштирок менамояд. Назар ба иттилои Ҳусайн Ширхонӣ, масъули бахши иттилооти Сафорати Эрон дар Душанбе Маҳмуд Аҳмадинажод ҳамзамон зимни сафараш ба Тоҷикистон бо эрониёни муқими Душанбе дидору мулоқот менамояд.Дар сафар ба Тоҷикистон Маҳмуд Аҳмадинажодро вазирони корҳои хориҷӣ, нерӯ, кормандони масъули Дастгоҳи Президенти Эрон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Интизор меравад, ки зимни сафари расмии М. Аҳмадинажод ба Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Эрон як қатор Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни мамлакатҳои ҷаҳон аввалин шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эътироф карда буд. Сафоратхонаи ин мамлакат дар Тоҷикистон аз соли 1992 инчониб фаъолият дорад. Муносибатҳо ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон тӯли солҳои мустақилияти Тоҷикистон сол то сол густариш меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






