Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор

Сентябрь 21, 2011 11:43

Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари гурўҳи ваколатдори Хазинаи Байналмилалии Асъор Тодд Шнайдерро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳо ва созмонҳои мададрасони Тоҷикистон баррасӣ шуд. Аз раванди чунин ҳамкорӣ ва рушди бонизоми иқтисоди Тоҷикистон, ки сарфи назар аз омилҳои манфии беруна, аз ҷумла болоравии нархи маҳсулоти нафтӣ, таъмин мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати андоз ва пулию қарзӣ суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2011 дар сатҳи на кам аз 6% таъмин гардида, сатҳи таваррум низ қаноатбахш боқӣ мемонад. Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугў сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ доданд.

Сентябрь 21, 2011 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд