Мулоқоти хоссаи Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Ин лаҳзаҳо дар Қасри миллат мулоқоти як ба яки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ҷараён дорад. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин мулоқот масоили сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳарду кишвар баррасӣ мешаванд. Пас аз мулоқоти як ба як, ҳамчунин мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия бо иштироки сарони ҳарду давлат доир шуда, масоили таваҷҷӯҳи тарафайн муҳокима ва баррасӣ мегарданд. Дар фарҷоми мулоқоти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия имзои 3 созишнома -Изҳороти муштараки роҳбарони ду давлат, Барномаи ҳамкории иқтисодии байни ҶТ ва ФР барои солҳои 2011 – 2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории сарҳадӣ дар назар аст. Аз натиҷаҳои ин мулоқот ба доираи васеи хабарнигорон дар нишасти матбуотии сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведов иттилоъ дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 2 сентябр Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи расмӣ овард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






